Тамоми ниҳодҳои бахши тандурустии вилояти Хатлон тайи як ҳафтае, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, дар ҳолати омодабош қарор мегиранд. Дар ин бора 26 июл ба хабарнигорон сардори идораи тандурустии вилояти Хатлон Шералӣ Бузмаков хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин амал бар асоси супориши Вазорати тандурустии кишвар анҷом дода мешавад ва дар доираи он ба тамоми ташкилоту идораҳои давлатӣ, хоҷагиҳои давлатию фермерӣ тавсия дода шуд, то кормандони худро бо оби ҷ ӯ шонидашуда таъмин созанд.
«Ҳамчунин ба идораи санитарию эпимидиологии вилоят ва шаҳру навоҳии он супориш дода шудаст, ки ба сифати обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти хӯроквор ӣ дар бозору дуконҳо ва вазъи санитарии ошхонаю тарабхонаҳо назорат баранд», - гуфт Бузмаков.
Дар навбати худ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ қайд кард, ки бар асоси маълумотномаи Маркази обу ҳавошиносии кишвар ба ситоди доимамалкунандаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят супориш дода шуд, то ниҳодҳои лозимаро барои пешгирии ҳодисаҳо омода созанд.
Ба гуфтаи Авзалов, дар вилоят ду минтақа хавфнок - ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор ба ҳисоб мераванд, ки дар ин ҷойҳо дар рӯзҳои гармтарин эҳтимолияти баланд шудани сатҳи дарёҳо вуҷуд дорад.
«Ба хотири омода будан ба ҳодисаҳои имконпазир мо захираи басандаи сӯзишворӣ ва дигар масолеҳи сохтмониро, ки барои соҳилбандӣ истифода мешаванд, дорем», - қайд кард Авзалов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста