Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии сериали телевизионии «Умед ба адолат» доир мегардад, ки мушкилоти рӯзмарраи тоҷикистониёнро дарбар мегирад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони ин чорабинӣ хабар доданд, сериали телевизионӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ дар Тоҷикистон» наворбардорӣ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Фонди Аврусоиёи Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Филм аз рӯзгори ҳуқуқшиноси ҷавон Дилшод Олимов ҳикоят мекунад, ки ба шаҳрвандони қатории Тоҷикистон кӯмак мекунад. Бо пешниҳоди кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба онҳо, ӯ ба мушкилоти рӯзмарраи имрӯза – хушунати оилавӣ, даст кашидан аз пардохти алимент, монеъа гузоштан ба таҳсили духтарон ва ғайра дучор мегардад. Ҳар як серияи филм таърихи мушкилоти алоҳидаест, ки ба тақдии одамон таъсир мерасонад.
Ба иттилои манбаъ, ҳар кадоме аз серияҳои филм бар рӯйдодҳои воқеъии дар кишвар рухдода асос ёфта, роҳу воситаи ҳалли ин ё он мушкилот комилан тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон тасвир мешавад.
Паймонкори фаръии наворбардории филм ширкати Art-Vision аст. Лоиҳаи «Мусоидат ба маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ дар Тоҷикистон» аз моҳи июни соли 2012 то моҳи сентябри соли 2013 амалӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста