Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, дар тарофаҳои истифодаи шабакаи Интернет дар Тоҷикистон тамоили поинравӣ ба мушоҳида мерасад.
Намояндагони Хадамот зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуданд, ки нархҳои истифодаи Интернет дар муқоиса бо соли гузашта начандон назаррас коҳиш ёфта, аммо таъкид доштанд, ки «минбаъд ин тамоил идома хоҳад ёфт».
«То чӣ қадр поинравии нархҳоро пешбинӣ кардан мушкил аст, зеро ҳар кадоме аз ширкатҳои фароҳамсози интернет ҷадвалҳои тарофабандии мустақили худро доранд, - гуфт муовини сардори Хадамоти алоқаи Татяна Холмуродова. – Дар маҷмӯъ нархҳо на он қадр назаррас поин рафта, вале суръат дар ояндаи наздик тақрибан ду баробар меафзояд».
Номбурда таъкид намуд, ки ба масъалаи нархгузорӣ дар бахши хизматгузориҳои шабакаи Интернет Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ машғул аст.
«Мо танҳо асоснок будани тарофаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ширкатҳоро санҷида, тибқи қонунгузорӣ ба санҷиши фаъолияти ин ширкатҳо танҳо як маротиба дар муддати як сол ҳуқуқ дорем, вале бо назардошти муроҷиатҳои хаттии муштариён метавонем тафтиш доир намоем», - иброз дошт муовини сардори Хадамот.
Ба гуфтаи Холмуродова, айни замон беш аз 20 ширкатҳои фароҳамсози Интернет дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки «Вавилон», «Вавилон-Т», «Телеком Техноложи» ва «Сатурн-онлайн» аз ҷумлаи ширкатҳои бузургтаринанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, дар Тоҷикистон айни замон 3,8 млн. корбарон (бо назардошти корбарони интернети мобилӣ) ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Шумори корбарони шабакаи Интернет дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млн. нафар афзудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста