- Нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 3,4 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон иҷозатнома дода шуд, - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Анвар Бобоев.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳои савдо (784 нафар), сохтмон (542), истеҳсолот (441), хӯроки умумӣ ва хизматгузорӣ (272), кишоварзӣ (149), варзишу тандурустӣ (119) алоқа (114), геология (32) ва маориф (19) барои кор иҷозатнома дарёфт намудаанд. «Иҷозатномаи кор дар дигар бахшҳо ба 986 нафар хориҷиён дода шуд», - иброз дошт муовини сардори Хадамот.
Бобоев зикр кард, ки давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ нисбати 418 нафар шаҳрвандони хориҷӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127 санад зиёдтар аст. «Аз ҷумла, 141 санад нисбати шаҳрвандони Чин, 62 санад – шаҳрвандони Ӯзбекистон, 49 санад – шаҳрвандони Афғонистон, 40 санад ба шаҳрвандони Русия, 34 санад нисбати шаҳрвандони Қирғизистон, 27 санад ба шаҳрвандони Покистон ва 12 санад нисбати шаҳрвандони Эрон тартиб дода шуд», - изҳор кард Бобоев.
Ба қавли номбурда, кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо намояндагони ВКД ва КДАМ дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон таҳти унвони «Нелегал» якчанд рейдҳо доир намуда, фаъолияти зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистонро санҷидааанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста