Имрӯз, 1-уми август дар муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ шурӯъ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи ҶТ Сафарбой Расулов иттилоъ дод, соли равон 37 муассисаи олии Тоҷикистон метавонанд 37,5 ҳазор донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гиранд.
Ба гуфтаи Расулов, мувофиқи маълумотҳои қаблӣ, муассисаҳои олии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои 36 ҳазор довталабонро кабул кардаанд. «Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ барои сокинони навоҳии дурдасти кишвар 1 ҳазору 220 квотаи президентӣ ҷудо карда шудааст, ки аз он 628-тоаш барои духтарон пешбинӣ шудаанд», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон ягон муассисаи олии Тоҷикистон нарх дар гурӯҳҳои шартномавиро боло набурдааст.
Қобили зикр аст, ки соли равон мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриро 109 ҳазору 527 нафар толибилмон хатм намуданд. ки довталабони асосӣ ба шумор мераванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста