Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 2 ҳазору 200 адад компютер ба макотиби таҳсилоти умумии пойтахт тендери такрорӣ эълон намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, пешниҳодҳо ба тендери қаблӣ, ки моҳи моҳи апрели соли равон ҷиҳати таъмин бо компютерҳо барои макотиби пойтахт эълон гардида буд, ба шароиту талаботи он ҷавобгӯ набуда, бекор карда шуданд. «Дар тендери такрорӣ иштироки доваталбон номаҳдуд аст», - зикр мегардад дар иттилои шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 140 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд.