Аксияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти унвони «Корвони солимӣ» дар вилояти Суғд дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар ҷараёни он беш аз 100 нафар табибон ройгон ба сокинони вилоят хизматгузории тиббӣ пешниҳод намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, шурӯъ аз 2-юми июл то имрӯз дар доираи аксия беш аз 20 нафар аз ҷониби профессорони пойтахт ройгон ҷарроҳӣ шуданд, ки дар ин кор мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо кӯмак расониданд.
«Дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ашт, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод машваратҳои тиббӣ ва ҷарроҳиҳо гузаронида шуда, чорабинӣ фардо, 3-юми июл дар Исфара ба итмом мерасад», - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.
Дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки ба ҳайати «Корвони солимӣ» мутаххассисони соҳибкасб аз ҳисоби табибони варзида, кормандони ғайриштатии вазорат, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи омодагии баъдидипломии кадрҳои тиббии ҶТ шомиланд.
Зимнан зикр гардид, ки аксияи «Корвони солимӣ» нимаи моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, қаблан дар шаҳри Душанбеву вилоятҳои Хатлону ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ низ баргузор шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста