Аз замони бедарак шудани панҷ нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аллакай як моҳ сипарӣ шуд, вале тақдири минбаъдаи онҳо то ҳанӯз номаълум аст.
Сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки «оид ба ин қазия бо Ӯзбекистон гуфтушунид ҷараён дорад, вале аз ҷузъиёти ҳодиса ҳанӯз чизе рӯшан нест».
Ёдрас мекунем, ки ҳамсари яке аз бедаракшудагон Норчучук Эшмуродова қаблан ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки р ӯ зи 10-уми июл ҳамсари 74-солаи ӯ Мардон Бӯриев, писараш Сулаймон, наберааш Манучеҳр ва ҳамчунин ҳамсояҳояш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов бедарак шудаанд.
Бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон ӯ гуфт, шоми 10-уми июл онҳо дар як замини ҷамоати Фароб машғули кор будаанд, ки 20 нафар марзбонони ӯзбек онҳоро боздошт ва бо худ бурдаанд. Он рӯз ӯ дарҳол ба посгоҳи марзии «Фароб» рафта, ҳамроҳи марзбонони тоҷик аз пайи «дуздон» шудаанд, вале онҳо аллакай дар он сӯй марз қарор доштаанд.
«Ман мудом ба рақами телефонҳояшон занг мезанам, вале онҳо дастнорасанд», - изҳор дошта буд номбурда ва афзуд, ки онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон боздошт намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста