Рейдҳои оммавӣ оид ба ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақаи назди шаҳри Маскави Русия идома меёбад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, пеш аз интихоботи мири Маскав вазъи муҳоҷират мушкил мешавад. «Ҳукумат тартибот ҷорӣ намуда, фазои ороми интихоботро таъмин карданист ва дар ин робита аз эҳтимол дур нест, ки санҷишҳо идома ёбанд», - иброз дошт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки рӯзи чоршанбе зимни рейди навбатӣ дар бозори «Садовод» беш аз ҳазор нафар боздошт шуданд. «Боздоштшудагон барои санҷиш ба шуъбаҳои пулис оварда шуданд. Кормандони масъули сафорат дар пайи муайян кардани шаҳрвандони Тоҷикистон миёни боздоштшудагон мебошанд», - гуфт намояндаи сафорат.
Эгамзод таъкид намуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия тамоми амалиёти марбут ба боздошти муҳоҷирони ғайриқонунинро пайгирӣ дошта, ба муҳоҷирони тоҷики айни замон дар лагери Голяново қарордошта мудом кӯмак мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста