Ҳафт нафар шаҳрвандони тоҷикро аз лагери муваққатӣ ба қабулгоҳи махсуси пулиси шаҳри Маскав гузарониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, шоми рӯзи якшанбе аз даҳ нафар муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик, ки дар лагери муваққатии ноҳияи Голяновои Маскав қарор доштанд, ҳафт нафарашон ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав фиристода шуданд.
То интиқоли онҳо Эгамзод аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздид кардааст.
«Бо шаҳрвандони Тоҷиистон мулоқот ороста, шароити будубоши минбаъдаи онҳо ва вақти тахминии ба хона фиристоданашонро шарҳ додем. Тибқи қонун Хадамоти федералии муҳоҷират танҳо пас аз 10 рӯзи содир шудани қарори суд ба масъалаи муҳоҷирон машғул шуда метавонад. Дар ин муддат имкони аз болои қарор шикоят бурдан пешбинӣ шудааст. Шаҳрвандони мо эътироф мекунанд, ки ба қонуншикании кишвари будубош роҳ додаанд, вале баъзеашон умед доранд, ки онҳоро ҷаримабандӣ карда, ба идомаи корашон иҷозат медиҳанд», - гуфт намояндаи сафорат.
М.Эгамзод зикр кард, ки ҳеҷ кадоме аз муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда аз вазъи солимиашон шикоят надоранд. «Хоҳиши ягонаи онҳо ҳарчи зудтар ба хона баргаштан аст. Аз номи сафорат ба ҳар кадоме воситаҳои гигенаи шахсӣ, пойафзоли сабук ва маҳсулоти ғизойӣ дода шуд. Дарҳол баъди бозгашт аз лагери муваққатӣ мо бо сардори Хадамоти консулгарӣ Садбарг Ғаниева вазъро баррасӣ намуда, ба хулоса расидем, ки рӯзи сешанбе корманди сафоратро ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав сафарбар месозем, то дар ҳамон ҷо баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандонамон мусоидат намояд», - иброз дошт ӯ.
Эгамзод ҳамчунин изҳор кард, ки дар лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони Голяново то ҳанӯз ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун боқӣ мондаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста