Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов мутмаин аст, ки масъалаи нерӯгоҳи Роғун ба сифати мисол дар чорабиниҳои гуногуни Конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20-22-юми август) мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
«Гап сари он аст, ки нерӯгоҳи Роғун моҳиятан мушкилоти начандон бузург аст. Он мушкилоти байнулмилалӣ набуда, сирф байнидавлатӣ ва яке аз кишварҳои поёноб қотеъона мухолифи идомаи сохтмони он аст», - изҳор доштааст дар мусоҳиба ба Радиои СММ С.Аслов.
«Мо даҳҳо мисолҳоро медонем, ки дар кишварҳои болооб иншооти гидротехникӣ бунёд шуда, аз ҷониби кишварҳои ҳавза ё минтақа муштаракан истифода мешаванд. Ҳукумати мо ҳамеша кушоду шафооф кишварҳои дигари минтақаро ба истифодаи муштараки чунин иншоот даъват кардааст», - афзудааст намояндаи Тоҷикистон дар СММ.
Қобили зикр аст, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе аз иштироки беш аз ҳазор нафар аз 100 кишвари узви СММ интизорӣ меравад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста