Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳр мерасонад, ки бинобар боришоти бошиддат дар доманакӯҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, сифати оби аз дарёи Варзоб тариқи канали дереватсионӣ ба Ҳавзи танзими шабонарӯзии КВД «Обу корези Душанбе» воридшаванда аз соати 24:00-и 12-уми августи соли 2013 якбора тағйир ёфта, тирагии об аз 526 мг/л то ба 3780 мг/л ва шаффофият ба сифр баробар гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ба хотири ба системаи таъминоти оби нӯшокии шаҳрӣ ворид нагардидани оби нӯшокии тирагияш баланд, ҳаҷми оби интиқолшаванда аз истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба истеъмолкунандагон шуруъ аз нимаи дуюми 13 августи соли 2013 муваққатан 50%-70% кам карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин тадбир баҳри ҳифзи саломатии сокинон чораи муваққатӣ буда, бо кам гардидани боришот фаъолияти истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба пуррагӣ таъмин карда мешавад.
«Барои хизматрасонии маҳаллаҳои фишори обашон паст гардида аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр зери масъулияти раисони ноҳияҳо интиқоли об тариқи мошинҳои обкаш таъмин карда мешавад», - зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандон имкон доранд ба Ситоди шаҳрӣ, ки дар назди КВД «Обу корези Душанбе» шабонарӯзӣ фаъолият менамояд тариқи телефони 227-86-29 муроҷиат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста