Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе айбнома ба унвони кормандони хадамоти амнияти авиатсионӣ дар робита ба қазияи ногувори гурӯҳи латвиягии «Барака» дар фурудгоҳро рад мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, кормандони фурудгоҳ пас аз санҷиши наворҳои сабти видеоӣ ба чунин натиҷа расидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи истифода аз CIP-толор мусофирони ба Душанбе воридшаванда 30 $ ва хориҷшаванда – 60 $ маблағ пардохт мекунанд. «Барои панҷ нафар ин маблағ 300 $-ро ташкил медиҳад ва чун онҳо ин маблагро бо худ надоштаанд, тасмим гирифтаанд, ки бо даромадгоҳи маъмулӣ ворид шаванд», - иброз дошт ӯ.
Номбурда изҳор намуд, ки рӯзи 9-уми август ба фурудгоҳ аз сарноиб оид ба фаъолияти истеҳсолии ширкати ҳавопаймоии Utair дар бораи роҳ надодан ба аз меъёр зиёд будани бағочи дастии мусофирон нома расидааст.
«Тибқи қоидаҳои интиқоли бағоч ва бори мусофирон, андозаи бағочи дастӣ набояд аз 55-40-20 см ва шумораи ҷой барои бағоч на бештар аз якто зиёд бошад, вале гурӯҳи зикршудаи иборат аз 5 нафар бо худ асбобҳои мусиқӣ – контрабас, сетор, рубоб (баландии ҳар кадоме 2 метр) ва дутогӣ борхалта доштанд ва аз ин рӯ, кормандони фурудгоҳ то мушаххас кардани баъзе ҳолатҳо шиносномаҳои онҳоро гирифта, намояндаи «Ютэйр» изҳор доштааст, ки мебояд бо стюардессаҳо машварат намуд ва сипас кормандони мо онҳоро то зинапояи ҳавопаймо роҳнамоӣ кардаанд», - гуфт Шодиев.
Дар робита ба масъалаи то шаҳри Рига ҳуҷчатгузорӣ нашудани бағоч, намояндаи фурудгоҳ зикр кард, ки ширкати Utair тибқи низоми «Астра» фаъолият дошта, он баъзан транзити бағочро анҷом намедиҳад ва шоми ҳамон рӯз чунин шудааст.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи ҳунарии «Барака»-и Латвия ба хотири ёдбуди овозхон Наргис Бандишоева дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ якчанд консерт баргузор намуд. Дар саҳифаи фейсбукии худ роҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон изҳор кардааст, ки то замони тарки ин кишвар , сафар олиҷаноб буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста