Дар зарфи ҳафт моҳи соли равон беш аз 547 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол зиёда аз 655 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки беш аз 547 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 60 ҳазор нафар баробар аст.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 500 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 12 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.
Дар ин давра беш аз 280 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 238 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 41 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 745 ҳазор нафар (беш аз 87 ҳазор нафарашон занон) аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 6 ҳазор нафар камтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста