Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон марҳилаи охирини музокироти ҷамъиятӣ оид ба қабули варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, варианти ниҳоии лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории иборат аз коршиносони тоҷик ва байнулмилалӣ оид ба таҳияи Кодекси миллии экологӣ омода ва баррасии ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҳуҷчат аз шарҳу тавзеҳоти қаблан бадастомада зимни дигар ҷаласаҳои музкоироти ҷамъиятӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон моҳи июни соли 2013 иборат буд.
«Ҳадаф аз музокироти ҷамъиятӣ баррасии лоиҳаи Кодекс ва фароҳам овардани имконот ба субъектҳои дахлдор ҷиҳати саҳм гирифтан дар таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи имрӯз пешниҳодшуда мебошад», - гуфт роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Маркус Мюллер.
Лоиҳа ба такмили қонунгузории экологӣ ва таъмини мутобиқати он ба меъёрҳои байнулмилалӣ нигаронида шуда, бо дархости ҳукумат ва парлумони ҶТ таҳия гардид.
Мудири шуъбаи вазъи фавқулода ва экологияи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Хайрулло Ибодзода дар ин робита зикр кард, ки дар бахши экология Кодекси экологӣ бояд санади калидии қонунгузорӣ гардад. «Дастгирии САҲА дар таҳияи ин санад нақши ҳалкунанда дорад», - гуфт номбурда.
Дар Дафтари САҲА илова намуданд, ки соли 2014 Кодекси экологӣ барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста