Дар иди асалу харбуза дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор шуд, аз ҷониби кишоварзони шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла 105 тонна харбуза, 45 тонна асал ва 85 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд.
Ярмарка-фурӯши асал ва харбуза дар чор бозори пойтахт – Шоҳмансур», «Варзоб», «Қарияи Боло», «Саховат» баргузор гашт.
Сардори сарраёсати кишоварзии Вилояти Суғд Файзулло Косимӣ зимни суханронияш иброз дошт, ки маҳсулоти кишоварзии дар чорабинии идона пешниҳодшуда бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта мешаванд.
«Масалан, як кило асал то 35 сомонӣ ва як дона харбуза аз 8 ва 10 сомонӣ боло арзиш доранд. Дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои 20-30% поинтар аз нархи бозор пешниҳод мегарданд», - қайд кард Қосимӣ.
Ба қавли ӯ, соли ҷорӣ кишоварзони вилоят дар масоҳати 4400 гектар полезӣ кишт карда, аз он 2700 тарбуз ва 1700 харбуза хосил гирифтаанд. То санаи 1-уми август кариб 10 ҳазору 501 тонна махсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда ба мардуми ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Ҳосилнокӣ зиёда аз 150 сентнер аз ҳар як гектар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста