Дар роҳҳои мошингарди пойтахт ба насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оғоз карданд. Дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Бухоро аллакай нурафкан (прожектор) ва камераҳои наворбардории видеойӣ гузошта шуданд.
Камераҳо бар асоси амалисозии Созишномаҳои қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оид ба идораи автоматии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард насб мешаванд.
Ба овардани таҷҳизот барои амалисозии ин лоиҳа ширкати чинии Huawei Technologies Co. Ltd. машғул аст. Мувофиқи созишнома, ба пойтахт 850 адад камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оварда мешаванд.
Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон дар робита ба созишномаи мазкур вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар тамоми чорроҳаву гардишҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ гузошта мешаванд ва ба ин васила бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти худкори электронӣ назорат хоҳад шуд. Арзиши лоиҳа 22 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 20,9 млн. $ аз он қарзи дарозмуддати имтиёзноки бонки Чин ва 1,1 млн. $ ҳиссаи Тоҷикистон аст.
«Қарз дар муддати 20 сол аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани ҳаракати роҳ баргардонида мешавад», - гуфт С.Наҷмиддинов.
Аз анҷоми амалисозии лиҳаи мазкур моҳи ноябри соли равон интизорӣ рафта, ба андешаи коршиносон, он натанҳо ба таъмини амнияту бехатарии ҳаракат дар роҳ, балки ҳарчи бештар ба ошкор сохтани қонуншиканон низ мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста