Анонс
- Дар шаҳрҳои Душанбе (КИ «Тоҷиктекстил»), Хуҷанд (Кохи ҷавонон) ва боғҳои истироҳату фароғати шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар бахшҳои энергетикаву саноати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба бекорон 7 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад. Оғози ярмаркаҳо соати 08:00;
- Дар бозорҳи бузурги пойтахти Тоҷикистон Иди асал ва харбуза доир мегардад;
- Дар галереяи «Мино»-и ба номи Эраҷ Айнӣ намоишгоҳи асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Исуф Сангов ва маросими муаррифиномаи албоми ӯ барпо мешавад. Оғоз соати 17:00;
- Ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистион доир гардида, санаи баргузории интихоботи президенти мамлакат эълон мегардад. Оғоз соати 08:00;
- Дар Хоруғ таҳти унвони «Имконоти сармоягузории рушди Помир» Форуми якуми байнулмилалии иқтисодӣ ифтитоҳ мегардад.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.7672 сомонӣ;
1 евро - 6.2 0 29 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1996 – Дар корхонаи гидрометаллургии Исфара коргоҳи истеҳсоли сурмаи металлӣ ба кор даромад.
2003 – Дар Душанбе Ҳамоиши байнулмилалии оби тоза «Об, муҳити зист ва амният» ба кор шурӯъ кард.
1951 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.
1956 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста