Ба муносибати 15-умин солгарди фаъолият дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар минтақаи Кӯлоб ба кӯмакҳои ройгони худ густариши бештар бахшид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Кумитаи мазкур дар Кӯлоб хабар доданд, дар назди хадамоти минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати аҳолӣ ду курси ройгони омӯзиши компютер ва коркарди сангҳои қиматбаҳо боз шуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагии Кумита ва хадамоти шуғли аҳолии минтақа ба ин курсҳо 10-нафарӣ ҷавонону духтарон аз қишри осебпазири ҷомеа қабул шуда, таҷҳизот аллакай насб ва интихоби шунавандагони курсҳо ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, айни замон Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ба ҳудуди 1 ҳазор нафар занони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки маҷбуран саробони оилаҳо гардидаанд, дасти ёрӣ дароз намуда, ба онҳо кӯмаки башардӯстонаву қарзҳо, нафақаву кӯмакпулиҳо ва барои хонандагон аз ин оилаҳо стипендияҳо ҷудо мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки миёни духтарон курсҳои омӯзишии дӯзанда-мотористкаҳо писандида аст, ки барои хониши аъло ва хуб азхудкунии касб метавон ба мошинаи дӯзандагӣ соҳиб шуд. «Дар давраи омӯзишии нав низ қариб нисфи духтарон хоҳиши омӯзиш дар ин курсҳои семоҳаро доранд», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста