Дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқоли ҷумҳурӣ мушовири президенти ҶТ Муҳибулло Сафаров аз номи сарвари давлат ба 10 нафар нафақахӯрони таъиноти ҷумҳуриявии мамлакат ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супурд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод, миёни ин нафақахӯрон Омӯзгори шоистаи Тоҷикистон Екатерина Смирнова низ ҳузур дошт. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Екатерина Смирнова изҳор намуд, ки ӯ соли 1957 тибқи роҳхат пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Лукояновои вилояти Горкий (феълан Нижний Новогород) ба Тоҷикистон омадааст.
Дар деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ховалингу Восеъ кор карда, муддати 29 соли ахир то ба нафақа баромадан дар мактаби ба номи Иличи ноҳияи Кӯлоб фаъолият доштааст. «Ман ба Тоҷикистон чунон дил бастам, ки ҳатто дар бораи тарки он андешае ҳам накардаам», - гуфт Смирнова ва илова намуд, ки писараш ҳам дар Кӯлоб иқомат дошта, вале духтарашро, ки хизматчии ҳарбӣ аст, ба вилояти Свердловски Русия сафарбар намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, айни замон дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 17 ҳазору 987 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, рӯзи ҷашни Истиқлолият ба як қисмати муайяни онҳо аз номи раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони ҷудогона туҳфаҳо тақдим хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста