Роҳбари «Россотрудничество» Константин Косачёв ба васоити ахбори умумии Русия изҳор намудааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорони забони русӣ аз Русия ваъда кардааст, ки дар сурати ба кор омадан ба Тоҷикистон, онҳоро бо манзил ва маоши шоиста таъмин мекунад.
«Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Русия дархост намуд, ки дар сафарбар намудани муаллимони забони русӣ ва дигар фанҳо бо ин забон ба Тоҷикистон мусоидат карда шавад. Ӯ изҳор кард, ки ҳар кадоме аз 4 ҳазор мактаби таҳсилоти умумӣ ба қабули ҳадди ақал як омӯзгор аз Русия омода аст. Ҳамзамон ваъда кард, ки онҳоро бо манзидли зист ва маоши шосита таъмин мекунад», - гуфтааст Косачёв дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин тариқ раҳбарияти Тоҷикистон ба нақшаҳои «Россотрудничество» оид ба таҳияи барномаи кӯмаки бебозгашт баҳри рушди маориф ва омӯзиши забони русӣ дар кишварҳое, ки аз онҳо аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ба Русия меоянд, посух гуфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста