Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Душанбе аз Ройтлингени Олмонро таҳти сарварии аъзои Маҷлиси шаҳрии Ройтлинген ҷаноби Юрген Штрауб, ки тайи чанд рӯз аз Тоҷикистон боздид намуданд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси пойтахт, зимни мулоқот раиси шаҳр аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ имрӯз имкон медиҳанд, ки дар радифи табодули таҷрибаи ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳоти фарҳанг ва маорифу тандурустӣ бахши сайёҳӣ низ рушд карда бошад.
«Ҷаноби Юрген Штрауб аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбати анҷомгирифта изҳори сипосмандӣ намуда, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев номаи шодбошии Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида, аз бардоштҳои неки худ оид ба пешрафтҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама пойтахти он шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз ҳузури меҳмонон Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои марбут ба ҷашни 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе даъват кард.
Маврид ба ёдоварист, ки шаҳрҳои Душанбеву Ройтлинген моҳи октябри соли 1991 бародаршаҳр эълон шуда буданд. Шаҳри Ройтлинген дар қаламрави заминҳои федералии Баден-Вюртемберг ҷойгир шуда, маркази маъмурии ноҳиявӣ мебошад. Шумори аҳолии Ройтлинген ҳудуди 112 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Ройтлинген дафтарҳои кории ширкатҳои маъруфе чун «Бош» ва «Бетс» фаъолият мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста