Анонс

- Дар маҷмааи давлатии кинову консерти «Кохи Борбад» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони сохторҳои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеа ба муносибати 22-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон маҷлиси ботантана ва консерти устодони ҳунар доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Даври 12-уми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол. «Хайр» - «Истаравшан» (Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»), «Истиқлол» - «Равшан» (Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»), «Энергетик» - «Хуҷанд» (Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»). Оғози бозиҳо соати 16:30;

- Дар толори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон (кӯч. Ҷ.Расулов, 69) музоядаи аломатҳои давлатии бақайдгирии силсилаи ВН, қитъаи 1 баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

- Дар варзишгоҳи «Спартак» бахшида ба ҷашни Истиқлол иқдоми «Кино зери осмони кушод» баргузор мешавад. Арзиши билет 10 сомонӣ. Оғоз соати 20:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7670 сомонӣ;

1 евро - 6.1111 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1934 – Қуллаи аз ҷиҳати баландӣ дуюми ИҶШС – қуллаи Ленин (7134 м) фатҳ карда шуд.

1992 – Нерӯҳои мухолифин президенти  ҶТ Р.Набиевро ба истеъфо маҷбур карданд.

1994 – Матни нави Гимни давлатии Тоҷикистон (шеъри Г.Келдӣ, оҳанги С.Юдаков) тасдиқ гардид.

1946 – Зодрӯзи нависанда Адаш Истад.

1961 – Мавлуди оҳангсоз Хуршед Ниёзӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +24+29.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +32+37;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +16+21.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.