Ба муносибати таҷлили ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия чорабиниҳои идона доир гардиданд. Рӯзи 8-уми сентябр чунин чорабинӣ дар шаҳри Уфа низ баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, рӯзи 5-уми сентябр дар Маркази фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шаҳри Маскав ба ин муносибат маросими қабули расмӣ барпо шуд.
Зимни суханронӣ дар ин маросим сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз ҷумла зикр намуд, ки сарфи назар аз душвориҳои зиёд, дар ин давраи начандон тӯлонии таърихӣ нерӯҳои солими кишвар ва раҳбарияти ҷумҳурӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу созиш ва ризоияти миллӣ ноил гардида, ислоҳоти бузургмиқёси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро роҳандозӣ намуданд.
«Дар замони истиқлолият Тоҷикистон бо беш аз 100 кишгвари дунё муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуда, бидуни шубҳа, Русия дар ин қатор мақоми хоссаро соҳиб аст ва Русия доимо дӯсти наздики Тоҷикистон буда, сол то сол беҳтар гардидани муносибатҳоямонро мо шоҳидем», - гуфт сафир.
Директори департаменти сеюми кишварҳои узви ИДМ-и ВКХ Русия Александр Стерник изҳор дошт, ки Тоҷикистон тадриҷан ба самти бунёди давлати мустақилу демократӣ ва сулҳпарвар роҳ пеш гирифта, Русия ҳамеша ба рушд ва сулҳу субот дар Тоҷикистон манфиатдор аст. «Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия оид ба дурнамои рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқ ҳосл шуд», - таъкид дошт номбурда.
Сипас барномаи консертии ҳунармандони Тоҷикистону Русия намоиш дода шуда, ҳозирин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ҷумҳурӣ боздид карданд. Дар қабули расмӣ ба муносибати ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Маскав ҳудуди 500 нафар намояндагони ВКХ Русия, корпусҳои дипломатӣ, доираҳои тиҷоратии Русия, арбобони илму ҳунар ва фарҳанг ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста