Анонс

- Бозиҳои даври ¼ финали Ҷоми футболи Тоҷикистон. «Парвоз» - «Равшан» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»), «Регар-Тадаз» - «Энергетик» (Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»), «Истаравшан» - «Истиқлол» (Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ). Оғози бозиҳо соати 16:30.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7673 сомонӣ;

1 евро - 6.1112 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1929 – Ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани Душанбе-Тирмиз оғоз гардид.

1933 – Нахустин корхонаи коркарди металли саноати Тоҷикистон – корхонаи механикии ба номи Орҷоникидзе ба истифода дода шуд.

2001 – Ҳуҷуми террористон ба ИМА. Ин рӯз дар саросари ҷаҳон маҳз бо ин ном – «то» ва «пас аз 11-уми сентябр» ёдоварӣ мешавад.

1911-1997 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Сотим Улуғзода.

1932 – Мавлуди коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфулло Ҷӯрабоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+17, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +7+20, рӯзона +26+31.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +31+36.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +32+37;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +37+39.