Дар Маркази исломии Тоҷикистон нахустин дастгоҳи болобардор барои шахсони имконияташон маҳдуд мавриди истифолда қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, дар масҷиди марказӣ низ барои афроди имконияташон маҳдуд як ҳуҷраи алоҳида – ҳоҷатхона ва ҷои таҳорат барои маъюбон сохта шудааст. «Дар дармонгоҳи рақаи 12 низ роҳрави алоҳида (пандус) ва ҳоҷатхонаи дастрас барои маъюбон бунёд гардид», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Агентии сохтмону меъморӣ ва Ташкилот оид ба безараргардонии минаҳои Швейтсария (FSD) ва ҳамкорӣ бо ҷамъияти «Имконият» амалӣ гардид.
«Ҳадаф аз амалисозии ин лоиҳа зарурат доштани фароҳам овардани чунин шароитҳо барои афроди имконияташон маҳдуд дар ҳама ҷой аст», - гуфт Зикрихудоев.
Раиси ҷамъият ҳамчунин изҳор намуд, ки дар таҳияи қонунгузорӣ ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, вале оид ба иҷрои меъёрҳои қонун мушкилот ҷой доранд. «Гӯё роҳрав барои маъюбон месозанд, вале он ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, комиссияи қабул онро мепазирад. Фикр мекунам, ки то ба ҳайати комиссияи қабул шомил шудани мо, ин ҳолат ҳамин тарз идома меёбад», - афзуд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста