Анонс

- Оғози сафари намояндаи махсуси нахуствазири Зеландияи Нав оид ба Осиёи Марказӣ Ҷим Болҷер ба Тоҷикистон;

- Дар қароргоҳи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пуғус», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ҳамоиши тиҷоратии соҳибкрони Тоҷикистиону Олмон доир мегардад.

- Дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарҳрезии стратегии «Тарҳрезии бебарор тарҳрезии нокомӣ аст» тренинг баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

- Вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон оғоз мегардад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7679 сомонӣ;

1 евро - 6.1010 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.148 4 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1992 – Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ситораи тилоии Алберт Швейтсар тақдим гардид.

2000 – Дар Истаравшан корхонаи муштараки «Оби Зулол» оид ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан кушода шуд.

2004 – Дар Душанбе сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Э.Раҳмонов ва С.М.Ҳотамӣ масоили гутсариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Масъалаи анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда дар меҳвари гуфтугӯ қарор дошт.

1927-2002 – Зодрӯзи нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мутеулло Наҷмиддинов.

1932 – Мавлуди олими адабиётшинос Саъдулло Асадуллоев.

1933 – Зодрӯзи олими фолклоршинос, доктори улуми филологӣ Додоҷон Обидов.

1934 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саломатшо Шоназриев.

1941 – Зодрӯзи асосгузори филмҳои тасвирии тоҷикӣ коргардон Мунаввар Мансурхоҷаев.

1955 – Мавлуди журналист Давлатқадам Хушқадамов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +13+18.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +29+31.