Ба муносибати таҷлили Рӯзи ихтирои велосипед дар Боғи ботаникии Душанбе чорабинии веломарафони хурди кӯдакона доир мегардад.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» бо мусоидати Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази амалисозии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ хабар доданд, ҳадаф аз чорабинии мазкур таблиғи варзиши велосипедронӣ ва дигар навъҳои варзиши ғайримуҳаррикӣ ва ҳамчунин таблиғи тарзи солим ва фаъоли ҳаёт аст.
«Дар доираи чорабинӣ баргузории мусобиқот барои велосипедронон ва дорандагони дигар навъҳои дучархаи ғайримуҳаррик (худрав (самокат), ролик)-и синусоли аз 3 то 12-сола дар назар буда, гурӯҳи аввали кӯдакон (аз 3 то 7-сола) масофаи 60-100 метр ва гурӯҳи дуюм (аз 8 то 12-сола) масофаи 1-1,5 километрро тай мекунанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ба мусобиқот тамоми хоҳишмандони дорои велосипед ва дигар навъҳои дучархаҳои ғайримуҳаррики коршоям роҳ дода шуда, ғолибонро тӯҳфаву ҷоиза ва торти идона интизор аст.
Зимнан зикр гардид, ки чорабинӣ рӯзи 15-уми сентябр дар Боғи ботаникии пойтахт аз соати 11 то 13 баргузор шуда, бақайдгирии иштирокчиён соати 10:30 оғоз мегардад.
Қобили зикр аст, ки маҳз санаи 15-уми сентябри соли 1801 оҳангари крепостноии рус ба инсоният «пойҳои тез»-ро, ки тарҷумаи лотиниаш «велосипед» аст, туҳфа намуда, якумрӣ ба сафҳаи таърихи ҷаҳон шомил шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста