Соли нави хониш дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар низоми нимсолаи таҳсил ҷорӣ шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҶТ, зимни ҷорӣ кардани ин низоми таҳсил мансабдорон ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ такя намуда, назари коршиносони маҳаллиро ба инобат нагирифтанд.
Намояндаи Маркази ҳуқуқи кӯдакони ҶТ Гулчеҳра Раҳмонова бар ин назар аст, ки аз нигоҳи ҳуқуқ дар ин масъала давлат бояд манфиати кӯдакро ба назар гирад ва ин ҷо хулосаҳои коршиносони соҳибтаҷриба зарур аст. «Ин низом тибқи ислоҳоти бахши маориф то соли 2020 ҷорӣ гардида, то кадом андоза фаъолона иштирок кардани равоншиносон дар он маълум нест. Соли гузашта толибилмонро бидуни шарҳи сабаб аз таътилҳо маҳрум намуданд, акнун ин дар сатҳи расмӣ тасдиқ шуд», - зикр кард ӯ.
Президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова ҷонибдори ин низом буда, изҳор кард, ки дар ин масъала таҷрибаи мусбати бисёре аз кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Беларус ва кишварҳои Назди Балтик ба инобат гирифта шудаанд. «Аз методҳои кӯҳна даст мебояд кашид, мухолифини навгониҳо ҳамеша пайдо мешаванд, зеро ҳама чизи нав манфӣ қабул мешавад», - иброз дошт номбурда.
Қобили зикр аст, ки дар қатори Академияи маориф, низоми нимсолаи таҳсил аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ дастгирӣ шуд.
Аммо волидайни мактаббачагон бар ин назаранд, ки ин низом қобили қабул нест, бахусус барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ. «Ним сол барои кӯдак ҷиҳати қабули маводи дарсӣ хеле душвор аст. Гузашта аз ин, дар муддати як моҳи таътили зимистона кӯдакон маводи гузаштаро фаромӯш мекунанд. Таътил барои кӯдакон бефоида мегузарад ва ин замон аксари падару модарон дар кор буда, бо нҳо якҷо буда наметавонанд. Ба таҳсили нимсола фаро гирифтани толибилмони синфҳои болоӣ мувофиқи мақсад аст, то ки онҳо ба имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ омода шаванд, вале барои хонандагони то синфи 10 ин низом судманд нест», - мегӯяд яке аз волидон.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки таътили дарозмуҳлати зимистона бар асари сардиҳои шадид ҷорӣ гардид, вале намояндагони Вазорати маориф итминон медиҳанд, ки қариб ҳамаи мактабҳо ба зимистон омодаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста