Яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистони муосир мулло ҳоҷӣ Ҳайдар (Шарифов) аз Кӯлоб мутмаин аст, ки имрӯз ба мансаби президенти Тоҷикистон танҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон лоиқу арзанда аст.
Гузашта аз ин, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда таъкид намуд, ки интихоб нашудани ӯ санаи 6-уми ноябр – «ин як ҷиноятест муқобили кишвар ва миллат».
Ба гуфтаи ӯ, тӯли ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон ба арбоби бузурги давлатӣ табдил ёфта, аз тамоми равандҳои рушди ҷаҳонӣ ба хубӣ огаҳ аст ва ҷаҳон ӯро эътироф кардаву ба ӯ эътимод дорад. «Чунин шахсро дар замони шукуфоии нерӯ ва қобилиятҳо миллати солимфикр набояд иваз кунад», - иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки сарвари давлатро нисбат ба дигарон хубтар мешиносад, зеро ҳамроҳ чун вакилони ШО ҶТ 24-уми августи соли 1990 Эъломия дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, 9-уми сентябри соли 1991 Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистонро ба имзо расонида, замони даргириҳои шаҳрвандӣ якҷо будаанд.
Дар ҳамин ҳол, зимни мулоқот бо ходимони дин рӯзи 4-уми июли соли равон мулло ҳоҷӣ Ҳайдар пешниҳод намуда буд, ки маблағи хароҷоти маъракаи интихоботи президентӣ ба таъмини эҳтиёҷоти қишри камбизоати аҳолӣ равона гардида, ваколати президенти амалкунанда ба таври автоматӣ боз як муҳлат дароз карда шавад. Ин пешниҳодро бинобар сабаби мухолифат доштанаш бо Конститутсияи кишвар сарвари давлат напазируфта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста