Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР), ки ба сифати Агентии Фонди иқлимии сармоягузорӣ амал мекунад, оид ба лоиҳаи «Ташаккули устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ» созишномаи бурсӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқллим ба ҳавзаи дарёи Панҷ тавассути бунёди низоми бештар устувори муҳофизат аз обхезӣ, барқарорсозии зербинои таъминоти ҷамоатҳои осебпазир бо оби нӯшокӣ, пешниҳоди хизматгузориҳои молиявӣ ба гурӯҳҳои осебпазир, бахусус занон ва таҳкими имконоти кумитаҳои идоракунии офатҳои табиӣ ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об мебошад.
Гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа 24,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 21.55 млн. $ бурс аз Фонди стратегии иқлимии БОР, 2,4 млн. $ ҳиссаи ҳукумат ва 0,7 млн. $ ҳиссаи ниҳодҳои молии шарикон дар доираи ҷабҳаи маблағгузории хурд мебошад.
Созишномаи бурсӣ аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва намояндаи доимии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю ба имзо расида, амалисозии он моҳи сентябри соли равон оғоз ва соли 2018 ба итмом мерасад.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июл Бонки осиёгии рушд ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 21,55 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим дар 59 маҳаллаи аҳолинишини ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста