Дар маркази «Ёқут-2000»-и шаҳри Душанбе Фестивали байнулмилалии хайриявии хӯроку таомҳои миллӣ ҷараён дорад, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маҳфили сафирони Душанбе ва Маҳфили иҷтимоии Душанбе созмон дода шуд.
Ҳайати корпусҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе дар чорабинии мазкур иштирок доранд.
Дар фестивал таому хӯрокҳои маъмулии миллии сокинони Чин, Ҷопон, Украина, Русия, Қатар, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Арабистони Саъудӣ, Эрон ва Покистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Тамошогарони фестивал муддати тамоми рӯз имкон доранд, ки бо нархҳои дастрас аз таому хӯрокҳои миллии халқҳои гуногуни ҷаҳон тановул намоянд. Ба қавли созмондиҳандагони фестивал, маблағе, ки аз ин чорабинӣ ба даст меояд, барои кӯмаки ятимхонаҳо сарф карда мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста