Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия таҳти унвони «Ҳадяи табиати Тоҷикистон» намоишгоҳ доир гардид.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, беш аз ҳазорон нафар сокинони шаҳр баҳри шиносоӣ бо фарҳангу расму оин ва харидани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба майдони назди бандари баҳрии шаҳр гирдиҳам омаданд.
Ба кори намоишгоҳ муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ва ҳамчунин намояндаи маъмурияти шаҳри Сочи ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар маросими ифтитоҳ зикр гардид, ки кишоварзони тоҷик 540 тонна сабзавоту мева ва маҳсулоти корхонаҳои коркарди ҷумҳуриро ба маърази тамошову харид гузошта, нархҳои маҳсулот нисбат ба бозор арзонтар аст.
М.Эгамзод қайд кард, ки сокинону меҳмонони шаҳри Сочи ба намоишгоҳ таваччӯҳи зиёд зоҳир намуда, назди ҳозирин дастаҳои мусиқиву рақсии «Дарё», «Ориё», «Гулрез», «Ҷаҳоноро» ва дигар устолони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста