Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар қарордоштаро аз руи синнусол ба санаи ахири моҳи августи соли равон нашр кард.
Бино ба маълумоти Хадамот, ахири тобистони соли равон аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 230 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 1 млн. 52 ҳазор нафарашонро мардон ва 177 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.
Аз ҷумла, ба санаи ахири моҳи август 86 361 нафар шаҳрвандони тоҷики ҷинси марди то 17-сола, 531 188 нафар – аз 18 то 29-сола, 245 141 мардони аз 30 то 39-сола, 143 174 нафар – аз 40 то 49-сола, 41 590 нафар – аз 50 то 59-сола ва 4 841 нафар –аз синни 60-сола болотар дар қаламрави Русия қарор доштаанд.
Шумори занони тоҷики ба аввали тирамоҳ дар қаламрави Русия қарордоштаро 34 263 нафар – то 17-сола, 62 303 нафар - аз 18 то 29-сола, 45 010 нафар– аз 30 то 39-сола, 24 749 нафар – аз 40 то 49-сола, 8 089 нафар – аз 50 то 59-сола ва 2 615 нафар – аз 50сола боло ташкил додаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста