Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабаби пахши филми «Пойбанди нафрат» тариқи телевизиони кӯдакону наврасони «Баҳористон»-ро шарҳ дод.
Саидалӣ Сиидиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки «баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя расанд».
Ба андешаи ӯ, кӯдакон бояд бахубӣ ба бадиву некӣ сарфаҳм раванд. «Онҳо бояд аз рӯйдодҳои атрофашон огоҳ бошанд ва бояд тасаввур намоянд, ки ҷое, ки некӣ ҳаст, бадӣ ҳам он ҷо вуҷуд дорад. Баъзан некиро аз бадӣ фарқ кардан душвор аст ва мо бояд ба тафовут дар он сарфаҳм рафта, ба кӯдаконамон ҳам биомӯзонем», - иброз дошт ӯ.
Сиддиқов ҳодисаи чанде қабл бедаракшавии кӯдакон дар пойтахтро ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мо ба кӯдакон ба назди автомашинаи ношинос нарафтан ва ҳеҷ гоҳ ба онҳо нанишастанро омӯзонидем. «Мо ба кӯдаконамомн бояд бифаҳмонем, ки дар ҷомеа дар қатори шахсони накӯкор афроди хатарнок, қотилону нашъамандон, дуздон ва ғайра низ зиндагӣ мекунанд. Мо бояд симои ҳақиқии чунин шахсонро ба кӯдакон пешкаш созем», - зикр кард Сиддиқов.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон далелҳои дар филми филми сохтаву бофтаи мақомоти интизомии кишвар зери унвони “Пойбанди нафрат” аз тариқи шабакаҳои аввали ТВТ, “Чаҳоннамо, Сафина” ва дигар расонаҳои давлатӣ пахшшударо қотеъона рад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста