Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон маълумоти омории Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики муқими ин кишварро носаҳеҳ арзёбӣ мекунад.
Зимни кори мизи гирди имрӯза таҳти унвони «ВАО ва муҳоҷират» котиби матбуотии Хадамот Абдулло Қодирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ахиран ВАО бо такя ба маълумоти ХФМ Русия роҷеъ ба шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия маълумоти зидду нақиз интишор мекунанд.
Ба қавли Қодирӣ, ба нимаи моҳи августи соли равон ҳамагӣ каме бештар аз 635 ҳазор нафар шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, ки беш аз 362 ҳазор нафарашон аллакай ба ватан баргаштаанд.
Бино ба маълумоти ХФМ Русия, ахири тобистони соли равон аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 230 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 1 млн. 52 ҳазор нафарашонро мардон ва 177 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.
Чунин маълумоти мухталифро Қодирӣ қабл аз ҳама ба он вобаста медонад, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик муддати як сол то 4 маротиба марзи Русияро убур карда, ҳар дафъа аз ҷониби мақомоти расмии ин кишвар ба қайд гирифта мешаванд.
«Мувофиқи қонунгузории Русия, агар дар муддати 90 рӯз шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар ҷойи кор пайдо карда натавонанд, уҳдадоранд, ки қаламрави ин кишварро тарк намоянд, - шарҳ дод ӯ. – Аз ин рӯ, аксари шаҳрвандони мо, ки саривақт ҷойи кор ёфта наметавонанд, аз марзи Русия хориҷ ва сипас дубора марзи Русияро убур мекунанд».
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин иброз дошт, ки шаҳрвандони тоҷик ба Русия натанҳо бо мақсади дарёфти кор, балки баҳри таҳсилу истироҳат ва анҷоми сафарҳои хизматӣ низ ворид мешаванд.
Қодирӣ таъкид намуд, ки гузашта аз ин, ҳудуди 400 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз иҷозати қабули шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби Русия, аллакай шаҳрвандии Русияро низ қабул кардаанд, вале дар маълумоти омории ХФМ Русия ин афрод ҳамчун муҳоҷирони корӣ ҳузур доранд.
Номбурда илова намуд, ки айни замон Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо намояндагони ХФМ Русия ҷиҳати санҷиш ва муқоисаи маълумоти омории дуҷониба гуфтушунид дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста