Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати 4,5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, тавассути ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кӯмаки таъҷилӣ дархост намуданд.
Тавре Азиз Раҷабов тавассути телефон аз Аморати Муттахидаи Араб ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, баъди бозгашт аз зиёрати қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка (Сарандеби қадим), дар пойтахти Ҳиндустон Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ва актёри маъруфи ҳиндӣ, сиёсатмадор, продюсер ва ровии телевизион барои онҳо раводиди ройгон ба аморати Дубайро ташкил намуда, онҳо тавассути ҳавопаймо ба он ҷо раҳсипор шудаанд.
«Айни замон мо ба амортаи Абу-Дабӣ раҳсипор буда, бидуни кӯмаки ВКХ ва КМО ҶТ дар он ҷо ба бунбаст дучор мегардем, зеро барои ворид шудан ба Арабистони Саъудӣ раводид зарур аст», - иброз дошт ӯ ва таъкид намуд, ки чанд сол пеш ВКХ дар ҳамин ҳолат ба онҳо ёрӣ расонида буд.
Сайёҳон мутмаинанд, ки ин дафъа низ ВКХ ҶТ ба онҳо кӯмак мерасонад. Онҳо ният доранд, ки дар консулгарии Тоҷикистон дар АМА худро ба қайд гузошта, «хабарҳои хуш аз Ватанро интизор хоҳанд буд». «Шумо танҳо Ҳамрохон Зарифиро аз вазъи мо огоҳ кунед ва ӯ ҳатман ба мо кӯмак мераоснад», - дархост кард ҳоҷӣ Азиз Раҷабов.
Ёдрас мекунем, ки сафари ин сайёҳон 15-уми майи соли ҷорӣ бо зиёрати оромгоҳи файласуф ва шоир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз Кӯлоб оғоз гардида, сипас онҳо пиёда бо хатсайри Кӯлоб-Душанбе - Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён - Шерхон Бандар (Афғонистон) - Покистан - Ҳиндустон – Шри-Ланка ба сафар идома доданд. Ба барномаи сафар акнун ҳаҷҷи пиёда низ ворид гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста