Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар заминаи қисми бинои моликияти коммуналии Корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис» КВД «Чеварон» таъсис дода мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, фаъолияти корхона бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ, таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ бо маҳсулоти дӯзандагии истеҳсоли ватанӣ, паст намудани арзиши аслии ин намуди маҳсулот дар шаҳри Душанбе ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ роҳандозӣ мегардад.
М.Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори пойтахт супориш дод, ки дар муҳлати як моҳ ҳуҷҷатҳои таъсисии корхонаро бо сохторҳои марбута таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида Оиннома, нақшаи тиҷоратӣ, шумора ва фонди музди меҳнати кормандонро барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
Гуфта мешавад, ояндаи наздик мақомоти шаҳрдории пойтахт дар бораи ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмун эълон мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста