Мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо кард, ки мувофиқи он иҷлосияи навбатии вакилони халқӣ 10 октябр даъват мешавад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар маъмурияти шаҳрдорӣ гуфтанд, дар иҷлосия муовини аввали мири шаҳр Насрулло Хайруллоев оид ба ҷараёни иҷро шудани қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти ҷумњурӣ», дар бораи дар ҳудуди Душанбе манъи нигаҳдории чорвои хонагӣ – асп, гов, хар, гўсфанд ва ғайра ҳисобот медиҳад.

Дар иҷлосия инчунин ҳисоботи раҳбари ноҳияи Фирдавсии пойтахт Саиднурриддин Алиев оид ба  рафти омодагии ноҳия ба ҷашни 90-солагии пойтахти кишвар шунида хоҳад шуд.