Сохтмони низоми нақбии 300-метра дар мавзеи нави обгири «Ҷангалак» дар Кӯлоб ба итмом расид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озод Ҳасанов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ҳадафи аслии амалисозии ин лоиҳа таъмини бехатарии обҳои чашмаҳоест, ки ба шаҳр интиқол меёбанд, зеро сокинони деҳоти наздисоҳилӣ натанҳо аз оби чашмаҳои кушод барои эҳтиёҷоти худ истифода мекарданд, балки ин мавзеҳоро ба як макони либосшӯиву мошиншӯӣ ва партовгоҳ табдил дода буданд.
Ба гуфтаи ӯ, бо амалисозии лоиҳаи мазкур, ки 1,5 млн. доллари ИМА арзиш дошта, аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) тавассути Бонки аврупоии таҷдиду рушд маблағгузорӣ шуд, акнун оби аксари чашмаҳои канори шаҳр ба як маҷро бо низоми нақбӣ муттаҳид гардида, корҳои ба ин низом пайвастани маҷрои оби дигар чашмаҳои ин мавзеъ идома хоҳанд ёфт.
Ҳасанов ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон аз мавзеи обгири «Ҷангалак» шабонарӯзӣ ба шаҳр то 7 метри мукааб ё худ 30% аз талаботи умумӣ оби тозаи чашмаҳо интиқол дода шуда, бо васли тамоми чашмаҳо ба низоми нақбӣ ин нишондиҳанда то 70% зиёд мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста