Имрӯз, 5-уми октябр ҳавопаймои охирин бо зойирини Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда фуруд омад. Дар навбати худ Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ ва Маркази исломии Тоҷикистон шахсони масъул ба роҳандозии барномаи «Ҳаҷ-2013»-ро таъин намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ситоди ҳаҷро муовини раиси Кумитаи умури дин Мавлон Мухторов роҳбарӣ намуда, сардори шуъбаи ҳаҷ ва муносибатҳои байнулмилалии Кумита Абдуғаффор Юсуфов роҳбари гурӯҳи зойирини тоҷик дар Маккаву Мадина ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода масъули фатво дар тамоми давраи ҳаҷ таъин карда шуданд.
«Ҳангоми ҳаҷ дар Макка беш аз ним миллион нафар мусалмонон гирдиҳам омада, онҳо дорои мазҳбаҳои гуногун мебошанд. Масъули фатво дар ҳолатҳои ҷудогона ба ҳоҷиёни мо он фатвоеро медиҳанд, ки ба мазҳаби ҳанафӣ мутобиқ бошад», - гуфт як манбаъ дар Кумитаи умури дин.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин бо супориши раиси Кумита Абдураҳим Холиқов, дар меҳмонхонаҳои мавриди будубоши ҳоҷиёни тоҷик парчамҳои давлатии Тоҷикистон барафрохта шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки аввалин парвози зоирини тоҷик субҳи рузи 21-уми сентябр аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд. Қабл аз ин шумори онҳо 7,3 ҳазор нафар муқаррар шуда буд.
Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома доранд.
Ба номаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шоҳи Арабистони Саъудӣ бо дархости коҳиш надодани шумори зойирини тоҷик посухи мусбат нарасид.
Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста