Ба наздикӣ дастаи кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Абуалӣ ибни Синоро, ки 7134 метр баландӣ дорад фатҳ намуда, бо муваффақият баргаштанд.
Тавре котиби матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин робита хабар дд, сафар ё экспедитсияи навбатӣ 20 рӯз давом карда, бо фатҳи қуллаи Ибни Сино, барафрохтани парчами давлатӣ ва гузоштани рамзи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фарқи қулла анҷом ёфт.
«Аъзои дастаи кӯҳнавардони ҷумҳурӣ, муҳандис ва ҳавонаварди чархбол Шамсиддин Қаҳҳоров аввалин нафарест, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар қуллаи Сино барафрохт ва рамзи (логотип) фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки аз метали дюралюминий ҳаккокӣ шуда буд, дар ин қулла гузошт», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Шамсиддин ёдовар шудааст, ки қуллаи Синоро дар ҳаштумин рӯзи сафар, таърихи 20 июл фатҳ намудааст ва дар он рӯз обуҳаво 20 дараҷа сард ва суръати шамол 150-200 м дар як соат будааст.
Ёдовар бояд шуд, ки Шамсиддин Қаҳҳоров қуллаи Корженевскийро (7150 м) 9 маротиба, қуллаи Исмоили Сомониро (7495 м) ду маротиба, қуллаи Абуалӣ ибни Синоро (7134 м) як маротиба фатҳ кардааст. Ният дорад қуллаи Ғалабаро дар кӯҳҳои Тяншон (7439м), қуллаи Ханг Тенгри (7010м) ва қуллаи баландтарини ҷаҳон дар кӯҳҳои Ҳимолой -Эверестро (8848 м) фатҳ намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста