Рӯзи 7-уми октябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамин бинои нави мактаби таҳсилоти умумии № 20-ро мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Хуррамзамин аз дуртарин ҷамоатҳои деҳоти Спитамен буда, дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Қоҳир Расулзода пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили бинои таълимӣ дидан карда, бо ҷараёни гузариши дарс таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ӯ зимни сӯҳбат бо устодону хонандагони ин мактаб, таъкид дошт, ки ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Сипас, Қоҳир Расулзода дар назди шогирдону устодон ва сокинони ҷамоат суханронӣ намуда, аз таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф дар солҳои ахир ёдовар шуд. Зикр гардид, ки аз оғози соли ҷорӣ дар миқёси вилоят сохтмони 44 иншооти таълимӣ ба охир расонида шуда, барои таъмиру барқарорсозии 100 иншооти дигар маблағгузорӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, бинои асосии мактаби № 20 –и ҷамаоти деҳоти Хуррамзамин соли 1968 барои 120 нафар хонанда сохта шуда, сохтмони синфхонаҳои иловагии мактаб аз соли 1991 инҷониб нотамом боқӣ монда буд. Он ҳамакнун дар заминаи муроҷиати сокинон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ки аз 8 синфхона иборат мебошад. Алҳол дар ин мактаб ба 277 нафар хонандагон 24 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Фармоишгари ин иншооти таълимӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он Колоннаи сайёри механиконидашудаи № 5 мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста