Имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов, ки 16-уми январи соли 2009 дар синни 62-солагӣ ногаҳон аз олам даргузаштанд, бояд ба синни 66-солагӣ мерасиданд.
Тамоми шахсоне, ки замоне бо Баҳром Маннонов сарукор доштанд, имрӯз бо некӣ аз ӯ ёд мекунанд.
Вакили палатаи поёнии парлумон кишвар, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, Баҳром Маннонов яке аз аввалинҳо буд, ки ба инъикоси фаъолияти парлумон дар ВАО ҳусни оғоз бахшид.
«Маводи таҳиянамудаи Б.Манноновро вакилони мардумӣ хуш қабул доштанд, зеро онҳо бо ҳақиқатбаёниву воқеънигорӣ ба ҳама маъқул буданд, - гуфт ӯ. – Чизи дигаре, ки аз Баҳром Маннонов ҳамчун инсон ва журналист дар хотири ман абадӣ нақш бастааст, дарки моҳияти қонунҳо ва хоксории ӯст».
Номбурда ҳамчунин гуфт, хусусияти муҳими фаъолияти рӯзноманигории Б.Маннонов дар он ифода мегардид, ки дар маводи ӯ ғаразҷӯӣ, дағалӣ ё носаҳеҳӣ ба мушоҳида намерасид.
Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов изҳор кард, ки маводи таҳиянамудаи Баҳром Маннонов барои аксари хадамоти матбуоти вазорату идораҳо як дастури корие буд, ки аз он тарзи инъикоси ин ё он рӯйдодҳо омӯхта мешуданд.
Ҳамқаламони Б.Маннонов зикр мекунанд, ки ӯ тамоми дарди инсонӣ ва мушкилотро хеле наздик ба дил қабул мекард ва барои ҳама мудом мӯнису ғамхор ва мушкилкушову дардошно буд.
Ёди устоди ҳамеша серкор ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста