Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати ҳудуди 5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, бори дигар барои кӯмак ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд.
Тавре қаблан Азиз Раҷабов тавассути телефон аз Аморати Муттахидаи Араб ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл баъди бозгашт аз зиёрати қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка (Сарандеби қадим), дар пойтахти Ҳиндустон Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ва актёри маъруфи ҳиндӣ, сиёсатмадор, продюсер ва ровии телевизион Амитабх Баччан барои онҳо раводиди ройгон ба аморати Дубайро ташкил намуда, онҳо тавассути ҳавопаймо ба он ҷо омадаанд.
«Айни замон мо ба аморати Абу-Дабӣ раҳсипор буда, бидуни кӯмак дар он ҷо ба бунбаст дучор гардидем, зеро барои ворид шудан ба Арабистони Саъудӣ раводид зарур аст», - иброз дошт ӯ ва таъкид намуд, ки чанд сол пеш ВКХ дар ҳамин ҳолат ба онҳо ёрӣ расонида буд.
Сайёҳон мутмаинанд, ки ин дафъа низ ВКХ ҶТ ба онҳо кӯмак мерасонад. Онҳо ният доранд, ки дар консулгарии Тоҷикистон дар АМА худро ба қайд гузошта, «хабарҳои хуш аз Ватанро интизор хоҳанд буд». «Шумо танҳо Ҳамрохон Зарифиро аз вазъи мо огоҳ кунед ва ӯ ҳатман ба мо кӯмак мерасонад», - дархост карда буд ҳоҷӣ Азиз Раҷабов.
Азиз Раҷабов посух нагирифтан аз ватан ба муроҷиаташро ба он марбут медонад, ки касе дар ин бора ба вазир Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи муроҷиатномаашон «хабар надодааст» ва аз ОИ «Азия-Плюс» хоҳиш намуд, ки бори дигар дархости онҳоро ба чоп расонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷо ба масъалаи онҳо ноиби консули Консулгарии Тоҷикистон дар АМА (Дубай) Юсуф Бобокалонов машғул аст, ки бо мактуб дар ин хусус ба ВКХ Арабистони Саъудӣ муроҷиат кардааст. «Расмиёти идорӣ метавонад ба дарозо кашад, то оғози ҳаҷ бошад, ҳамагӣ 5 рӯз боқӣ монда, боз бояд дар гармии 43 дараҷа то он ҷо расид. Мо танҳо ба Худо ва Ҳамрохон Зарифӣ умедворем. Дахолати Зарифӣ дар муддати соатҳои башумор метавонад масъалаи моро ҳал кунад», - афзуд ӯ ва илова намуд, ки ин умедвории ягона аст, зеро аз Кумтаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ба ҳалли ин масъала қодир нестанд.
Ёдрас мекунем, ки сафари ин сайёҳон 15-уми майи соли ҷорӣ бо зиёрати оромгоҳи файласуф ва шоир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз Кӯлоб оғоз гардида, сипас онҳо пиёда бо хатсайри Кӯлоб-Душанбе - Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён - Шерхон Бандар (Афғонистон) - Покистан - Ҳиндустон – Шри-Ланка ба сафар идома доданд. Ба барномаи сафар акнун ҳаҷҷи пиёда низ ворид гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста