Анонс

- Сафари серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии ВМКБ ба итмом мерасад;

- Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии даъвои гурӯҳи зиёин нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина дар суди ноҳияи Фирдавсӣ. Оғоз соати 09:00;

- Гурӯҳи аввали нозирони дарозмуҳлат аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меорад;

- Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба муқаррароти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» баррасӣ мешавад;

- Соати 18:00 дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ ва пешниҳоди онҳо ба КМИР ба охир мерасад;

- Дар гурӯҳи «D»-и мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар»-и шаҳри Кирмон доир мегардад. Оғози бозӣ соати 14:30 бо вақти Душанбе;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7687 сомонӣ;

1 евро - 6.4998 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

Рӯзи фалак

1898 – Зодрӯзи олим, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Вячеслав Прокофевич Красичков.

1900-1970 – Мавлуди шоир Саидалӣ Вализода.

1912 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов.

1921 – Мавлуди доктори илмҳои геологӣ-минералогӣ, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Рауф Баротов.

1932 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаву математика, академики АИ Тоҷикистон, профессор Абдуҳамид Ҷӯраев.

1936 – Мавлуди ҳуқуқшинос Тошӣ Сангинов.

1939-1977 – Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов.

1939-1984 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастибек Паллаев.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ Фарҳод Зикриёев.

1940-1999 – Мавлуди олим Ҳаким Ойматов.

1946 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким.

1977 – Мавлуди муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +2+7, рӯзона +20+25;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +23+25.