Анонс

- Соати 18:00 маросими бақайдгирии номзадҳо ба мақомои президенти Тоҷикистон ба итмом мерасад;

- Дар бинои Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Ассотсиатсияи миллии менеҷерон барои андозсупорандагон таҳти модули «Кабинети шахсии андозсупоранда ва низоми электронии қабули эъломия» семинар баргузор мекунад. Оғоз соати 10:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7691 сомонӣ;

1 евро - 6.4992 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1930 – Дар Тоҷикистон таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҷорӣ гардид.

1949 – Дар Маҷмаъи Умумии Иттиҳодияи умумиҷаҳонии тиббӣ Кодекси нахустини ахлоқи тиббӣ қабул шуд.

2004 – Дар Люксембург президент Эмомалӣ Раҳмонов Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид.

1912-1990 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор Солеҳ Раҷабов.

1920-1985 – Мавлуди нависанда Мустафо Шарқӣ.

1953 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Тоҷинисо Саидова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +19+24;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +21+23.