Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муносибати фарорасии Иди Қурбон ба мактаб-парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 7475 сомонӣ кумаки хайрия расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, «Амонатбонк» аз моҳи августи соли 2007 бо амри президенти кишвар сарпарасти ҳамешагии мактаб парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1- н. Рӯдакиро ба ӯҳда дошта, давоми 5 сол дар ҳама ҷашну идҳои маросимиву давлатӣ ба ин даргоҳи таълимӣ кумак мерасонад.
«Кумак аз маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған, биринҷу маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту сабазавот иборат буда, барои таълимгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ саривақтӣ ва бамаврид буд. Маблағи умумии ин кумак 7475 сомониро ташкил медиҳад», - зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.
Зимнан зикр мегардад, ки аз оғози соли ҷорӣ то ба имрӯз кумаки Бонк ба ин мактаб-парваришгоҳ 65 ҳазору 956 сомониро ташкил додааст. Роҳбарияти Раёсати Амонатбонк тасмим гирифтааст, ки дар оянда барои беҳдошти вазъи хобгоҳу таъмин намудани ин муассиса бо ҷиҳози лозима ва саривақт ҳал кардани мушкилоти таълимгирандагони ин муассисаи таълимиву тарбиявӣ саҳмгузор бошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста