Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар сохтмони иншооти олимпии шаҳри Сочии Русия машғули кор буданд, ба мушкилоти пардохт нагардидани музди меҳнат дучор шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намоядгаии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, 53 нафар муҳоҷири кории тоҷик барои кӯмак дар дастрас шудани музди меҳнат ба намояндагӣ муроҷиат кардаанд.
«Зимни баррасии муроҷиат маълум шуд, ки муҳоҷирони тоҷик аз моҳи октябри соли 2012 дар ин иншоот машғули кор буда, бинобар мушкилоти молии ширкати корфармо тӯли 6 моҳи ахир дар пардохти музди меҳнат ба мушкилиҳо мувоҷеҳанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, пас аз муроҷиат ба мақомоти прокуратураи шаҳри Сочи ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон оғоз кардаанд. «Айни замон 30 шаҳрванди Тоҷикистон пурра музди меҳнати худро дастрас намуда, ба ватан баргаштанд. Корфармо ваъда дод, ки ояндаи наздик қарздории боқимонда аз музди меҳнат дар ҳаҷми каме бештар аз 2 млн. сомониро пурра пардохт мекунад», - афзуд. И.Аҳмадов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста