Анонс
- Дар маҷмаии давлатии «Кохи Ваҳдат» Анҷумани ҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва «Дружиначиёни ихтиёрӣ» доир мегардад. Оғоз соати 09:00;
- Дар маҷлисгоҳи РБДА ВКД ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба баррасӣ намудани Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад. Оғози маҷлис соати 14:00;
- Дар доираи Платформа барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Душанбе таҳти унвони «Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва Арзёбии стратегии экологӣ» семинар-тренинг ба кори худ идома медиҳад;
- Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» маросими муаррифии ширкати русиягии «Возрождение» барпо мегардад, ки дар бахши сохтмони роҳу нақб ва пулҳо ба фаъолият машғул аст. Оғози маросим соати 09:30.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.7696 сомонӣ;
1 евро - 6.4887 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1922 – Таъсиси ширкати радиошунавонии бритониёии ВВС.
1996 – Анҷоми корҳои таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе.
1918-1990 – Зодрӯзи актёр ва коргардон, Ҳунарпешаи шистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.
1962 – Мавлуди директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13 рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +21+26.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +20+25; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста